БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зери шиори ҲХДТ сарҷамъ шуда, Ватан обод мекунем!

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои расонидани муҳимтарин масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеояд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату мулоқотҳо доир гардида истодаанд.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телеком №2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримов Саломуддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки фаъолияти ҳизбии мо гуногунҷабҳа буда, фаъолияти ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯзаи зиндагӣ ба мардум ва пеш аз ҳама ба аъзои ҳизбамон, таҳкими суботу амнияти комил, фаҳмондани моҳияти сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат, ки аз ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ташкил медиҳад. Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки пеш аз ҳама ҳадафи асосии ҳизб ин таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg