БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони ҷомеа ҳаракатҳои тундрав ва хоинони миллатро маҳкум мекунанд

ҚУБОДИЁН. Бо аҳолии деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли  ноҳияи Қубодиён бо иштироки муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Ибриҳимзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомади мазкур нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ доир ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав,  оид ба мафҳум ва моҳияти терроризму экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат доир карда шуд.

Қайд карда шуд, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар дар баромади худ нисбати шомилшавии ҷавонони ноҳияи Қубодиён изҳори нигаронӣ намуда, нисбати  пешгирии ин омили номатлуб тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. 

Аз  иштирокчиёни вохӯрӣ, хусусан фаъолони деҳа даъват карда шуд, ки барои роҳ надодан ба шомилшавии минъбадаи ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии деҳа ҷоннок карда, имкониятҳои фаровони мавҷудбударо самаранок истифода намоянд.

Бо обод намудани маҳали худ, бо меҳнати ҳалолу софдилона дар ободонии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg