
ХОВАЛИНГ. Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва иштироки фаъолонаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолзанон дар дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои он” мизи муддавар гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки занону бонувон даъват шуда буданд, дар бораи мафҳуми истиқлолият, истиқлолиятхоҳии миллати тоҷик ва дастовардҳои ба таври муфассал маълумот дода шуд. Аз мизи мудаввари баргузоргардида иштирокдорон таассуроти нек бардошта, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳои судманд пайваста доир карда шаванд.