
ҲАМАДОНӢ. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” ба мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басандааст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне бояд ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз мо нерӯи барқро сарфакорона истифода барем, метавонем фасли замистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар намоем.