БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТЕҲСОЛИ НЕРӮИ БАРҚИ АЗ ЛИҲОЗИ ЭКОЛОГӢ ТОЗА ДАР ҶАҲОН ҶОЙИ ШАШУМРО ИШҒОЛ МЕКУНАД

ҲАМАДОНӢ. Вобаста ба таҷлили Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи энергетика намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади табрики кормандони шабакаҳои барқи ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни суҳбат  мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Шарипов Раҳимҷон қайд кард, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза- яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз”- метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд. Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол  намудааст. Дар идомаи сухан иштирокдорони  маҷлисро бо Рузи идашон табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар масъулияти баланди меҳнатиашон  барору комёбиҳо таманно кард. Инчунин, мавсуф дар бораи муҳтавои Муроҷиатномаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик”, пешгирии бемориҳои сироятӣ зукому коронавирус суханронӣ намуда, онҳоро барои татбиқи амалҳои созанда, риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg