БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БОЯД КАРД!

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба истифодаи оқилонаи қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин, дуруст ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масъалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист андешаронӣ карда, сокинонро барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа ҳидоят намуданд. Инчунин, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ вобаста ба мавзӯъҳои болозикр тақсим намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg