БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМУДАНИ НЕРӮИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

ТЕМУРМАЛИК. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, дар  ташкилоти ибтидоии “Қушқияи боло” -и Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз машварати корӣ, санаи  15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва  муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” -ро риоя намоянд, бармеояд, мулоқот доир карданд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Мардуми деҳа, фаъолон, ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ бо мақсади таъмини муассисаи таълимии деҳа бо оби нӯшокӣ тасмим гирифтанд, ки аз масофаи 5 километр бо тариқи ҳашар хати обро омода намоянд.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба  пешгирии бемории сироятии COVID- 19 дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg