ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дирӯз бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ” - и Ҷамоати деҳоти Қарақамиш бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз машварати корӣ, ки 15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар доир карда шуд, ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID -19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва муқоисакунии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID – 19) дастрас карда шуд.