ЁВОН. Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Чупонободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа, имомхатибони масҷиди панҷвақта, падару модарон иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ намуд.
Дар охир раиси деҳа Д. Қувватов вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи 30, муллои деҳа С. Маханов суханронӣ карда, итминон доштанд, ки тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон мамоният иҷро менамоянд.