БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУРОҶИАТНОМАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ КАРДА ШУД

НОРАК. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ҷиҳати баррасии муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" миёни  сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди  нерӯи барқ ва сари вақт пардохти маблағи истифодаи он  доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо дар баромади худ қайд намуд, ки баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода ва кам кардани талафоти нерӯи барқ ба дарки ҳар як сокини шаҳр расонида шавад, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаашон аз ҳезум, ангишт, гази моеъ ва брикет истифода намоянд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии (COVID-19)  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб  набош!” корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg