БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БЕНАЗИРАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар толори ташкилоти ибтидоии «ЛКСК шаҳри Левакант» мизи мудаввар таҳти унвони «Дастовардҳои замони истиқлолият» баргузор гардид, ки дар ин  чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ибодуллоева Нуринисо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Шаҳло Шомуддинова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷумъахон Одинаев ва собиқадори фаъоли ҳизб Зебо Баротова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш дастовардҳои даврони Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, дастовардҳои истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегииҲукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт аст. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат кашем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg