
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомати болоии ҳизбӣ ва зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, зимни муқоисакунии аъзои ҳизб масъулин оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки бо риояи ҳамаи қонуну қоидаҳо зиндагии хешро боз ҳам хуб ва рангин намоянд.