БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

ВОСЕЪ. Ҳамарӯза кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон гузаронида истодаанд ва ин навбат дар деҳаи Файзоободи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ,  бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии хатарҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ барои расидан ба ҳадафҳои олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад кард. Нерӯи барқро сарфакорона ва танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдан лозим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg