БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ ҲАМА МАНФИАТДОРЕМ

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонки шаҳр” вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида, иштирок дошта, дар маҷлиси мазкур масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, шарҳу тавзеҳи муҳтавои муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд. Инчунин, дар идомаи суҳбат таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст.  Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти ҷиддӣ пеш меояд. Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз нерӯи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

Сипас, чанд нафар аъзои фаъоли ҲХДТ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg