БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРӮИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Камоли Хуҷандӣ» маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 доир гардид. Дар маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, узви гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқ Зарифова Дилбар иштирок доштанд.  Нахуст,  раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ҳисобот дода,  гуфт, ки кормандони ташкилоти ибтидоӣ дар баргузории даври шаҳрӣ ва вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” саҳми арзанда гузоштанд. Сипас, намояндагони ҳизбӣ ба муҳокима баромада, қайд карданд, ки Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Вале имсол бо сабаби кам гардидани об дар обанборҳои кишвар камбудӣ дар интиқоли неруи барқ дар кишвар ба миён омадааст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати кишвар барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки неруи барқро дар хона ва ҷойи кор сарфакорона истифода бурда, барои бемушкилӣ паси сар намудани зимистон саҳми арзандаи худро гузорем. Дар интиҳои маҷлис фаъолони ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg