БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИНАМОГАРОНИ ХАТЛОНӢ БА САФИ ҲХДТ ПАЙВАСТАНД

БОХТАР. Дар муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ доир карда шуд. Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, аъзои ҳизб ва кормандони ин муассиса иштирок дошта, таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, номгузории ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раису котиби ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Нахуст, директори “Хатлонсинамо” Муҳаббатов Зафар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳабро ҳимоя менамояд, суннатҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф медиҳад ва ҳаргуна зуҳуроти номатлубро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад.

Дар идома масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муҳокимашуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, бо қарори муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, ташкилоти ибтидоии навтаъсис “Синамо” номгузорӣ карда шуд. Директори “Хатлонсинамо” Муҳаббатов Зафар ва ҷонишини директори “Хатлонсинамо” Саидова Гулбаҳор котиби ташкилоти ибтидо интихоб гардиданд. Дар интиҳои маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб суханронӣ намуда, аз Рӯзи таъсисёбии ҳизб, фаъолияти он ва ташаббусҳои созандаву дастовардҳои ҲХДТ дар давраи фаъолияи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфт, ки ҲХДТ бо мақсади тараққиёт ва оромии вазъи ҷомеа аз оғоз идеологияи созанда дорад ва барои пешрафту шукуфоии кишварамон, барои беҳбудии рӯзгори мардуми Тоҷикисон талош варзида, бо истифода аз муваффақиятҳои хеш дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар марҳилаи ба ҳам овардани мардум ва истиқрори сулҳи бебозгашт саҳмгузор бошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg