
ШАҲРИТУЗ. Кормадони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Бинокор”-и Ҷамоати деҳоти Обшорон дар якчоягӣ бо раиси деҳаи Бинокор М. Худойбердиева бо сокинон бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ ба дарки ҳамагон расонида, ба онҳо муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастрас карданд.