БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО - ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

А.ҶОМӢ. Бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ  бахшида ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи  Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!”, бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ аз ҳисоби ҷавонони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №28 корзои сабзу хуррамгардонӣ доир гардид.

Иштирокдорони Аксияи  мазкур дар саҳни бинои муассисаи таълимии мазкур бо руҳияи  баланди ватандорӣ  дар корҳои ободониву созандагӣ машғул шуда,  бехи дарахтони ороишиву сояафканро нарму мулоим карданд ва 200 бех гулҳои рангоранги хушбӯй шинониданд, ки симои  муассисаи таълимиро ба куллӣ дигар намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg