
ҶАЙҲУН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон бо ҷалби волонтёрони ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми COVID-19 дар маркази Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Бе ниқоб набош!" гузаронида шуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки коронавирус мансуби оилаи коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст.
Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар давлатҳои рӯи олам аз ҷумла, Чин, Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Италия, Испания, Эрон ва ғайра мебошад. Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бошад ба сокинони шаҳрак баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои тиббӣ аз ҷониби масъулин ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тақсимот гардид.