БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕД!

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи  Муроҷиатномаҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Ширкати «Барқи  Тоҷик»  кормандони Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар якҷоягӣ бо  гурӯҳҳои  корӣ  аз  ҳисоби фаъолон ва собиқадорони  ҳизб  ва   ҷалби  волонтёрони ҳизбӣ бо  усули  «хона  ба  хона» миёни  шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Ин навбат дар  дар маҳаллаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол оид ба  истифодаи  сарфакоронаи  нерӯи  барқ, пешгирии талафоти  зиёди   нерӯи  барқ, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи  ноқилҳои барқӣ, истифодаи  лампаҳои  каммасраф, бештар  истифода  намудани  сӯзишвориҳо, аз  ҷумла ҳезум, ангишт, гази  табиӣ ҳангоми  пухтани  хӯрок  ва гарм  кардани  хонаҳои истиқоматии  сокинон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуд.   

Ҳамчунин, дар идомаи суҳбатҳо намояндагони ҳизбӣ вобаста ба  пешгирӣ  аз мавҷи  дуюми хуруҷи  бемории  коронавирус андешаронӣ карда, сокинонро барои риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ раҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg