БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ МИЁНИ СОКИНОН ИДОМА ДОРАНД

ФАРХОР. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии нерӯи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор  гардиш доир намуданд.

Дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба  истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуданд. Инчунин, бо сардорони оилаҳо роҷеъ ба самаранок истифодабарӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он  ва заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳат доданд, ки дар шароити пешомада сарфакорона истифодабарии барқ  ҳам ба манфиати оила ва ҳам ба манфиати давлат мебошад. Аз ин хотир дар ин давраи  ҳассос мо бояд ҳаматарафа дар зиндагиамон сарфакор бошем, то ин ки фасли сарморо  бе ягон мушкилот паси  сар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg