БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОР БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ

НОРАК. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур дар Ҷамоати деҳоти Пули Сангин бо раисони маҳаллаҳо ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ ва сари вақт пардохти маблағи он  вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ Баҳодур Хайруллозода қайд кард, ки имрӯзҳо об дар обанбори Норак нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти зиёд пеш меояд. Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Бо назардошти вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила бояд нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Сипас, мавсуф аз раисони  маҳаллаҳо даъват ба амал овард, ки миёни сокинон корҳои тарғиботиро дар ин самт пурзӯр намоянд ва дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар  бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg