БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ - ФОИДА БА БУҶАИ ОИЛА

НОРАК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо дар якҷоягӣ  бо аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳри Норак  мулоқоту вохӯриҳоро  ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангини  шаҳри Норак баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ  Қумриниссо Гулмуродзода    қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар санаи 15 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бармеояд,  муроҷиатномаи  Ҳукумати мамлакат ва Ширкати  “Барқи тоҷиқ”-ро   риоя намоем.  

Ҳамзамон, дар ин раванд аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ба сокинон таъкид карданд, ки бемории сироятии коронавирус боиси  буҳрони иқтисодию молиявӣ, аз фаъолият боз мондани  корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷаҳон гардида истодааст. Аз истеҳсолот дур шудани сайёра ба норасоии  маводи озуқа оварда мерасонад. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоед ва ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ намуда, қоидаҳои санитарию гигиениро низ риоя намоем ва дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои тиббӣ, маводҳои антисептикӣ  истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg