БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ БА ФОИДАИ МОСТ!

НОРАК. Мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки  аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳри Норак  ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар ҳар як оила ва сари вақт пардохти маблағи он дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Норак гузаронида  шуд.

Хайруллозода Баҳодур  намояндаи ҳизб  дар рафти баромад оид ба сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ дар ҳар як оила ва тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқа, тозагию ободонии манзили зист андешаронӣ карда, сокинонро барои оқилона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти ҳаққи хизмати он раҳнамоӣ намуд.

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Қаҳорзода Тағойбек сокинонро таъкид намуд, ки бемории сироятии коронавирус торафт доман паҳн карда истодааст ва ҳамаи моро зарур аст, ки сараввал қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намуда,  дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои тиббӣ  ва маводҳои  антисептикӣ истифода барем. Дар охир ба ҷамъомадагон варақаҳои иттилоотӣ барои истифодаи ҳаррӯзаашон  дастрас карда шуда, бори дигар таъкид карда шуданд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg