ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои «Пойгоҳи вагонҳои боркаш №3» ҷиҳати муқоисакунии аъзои ҲХДТ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19 вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба самаранок ва сарфакорона истифода бурдани барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад, андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки мо зимистони имсоларо бе ягон маҳдудият пушти сар намоем.