ДӮСТӢ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навзамин» бо сокинони деҳоти Пахтакор оид ба шарҳу тавзеҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ- ҳизби пешоҳанги ҷомеа, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё бароянда, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, ихтироот ва саҳми онҳо дар рушду нумуъи кишвар, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, омодагӣ ба зиндагонии мустақилона, таҳсил дар муассисаҳои оливу миёна бо баҳои хубу аъло, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва сафарбаршавии ихтиёрӣ ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуда, аз иштирокдорон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон даъват ба амал оварданд.