
ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва роҳбари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Ҳукматуллоев Қурбоналӣ дар деҳаи Ғелоти Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бо фаъолони деҳа, омӯзгорон, кормандони соҳаи тиб ҷамъомад баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад гурӯҳи корӣ Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик”-ро оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ба дарки ҳамагон расонида, инчунин вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро таъкид карданд, ки дар истифодаи неруи барқ ва пардохти ҳаққи хизмати он масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир карда, барои пурра таъмин шудан бо қувваи барқ дар фасли сармо дар рӯзгори ҳаррӯзаашон аз гази моеъ, ҳезум ва ангиштсанг истифода баранд.