БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва Ҳукматуллоев Қурбоналӣ роҳбари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо фаъолони деҳа, омӯзгорон, кормандони соҳаи тиб ва ҷавонон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Нахуст, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик”-ро оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ба ҳозирин қироат карда шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи барқро дар фасли сармо сарфакорона истифода намоянд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи корӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис дода шуда,  аъзои гурӯҳи тарғиботӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза анҷом медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg