
ВОКУНИШ. Пешбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон душманон ва хоинони миллатро чунон безобита намудааст, ки аз бадию бахилие, ки нисбати давлат, миллат ва Роҳбари давлат доранд, дигар чӣ кор кардану чӣ гуфтанашонро намедонанд. Зеро ҳамарӯза як гапро такрори ба такрор мегӯянд, ки шунидани онҳо қаҳру ғазаби мардумро меорад. Ба онҳо лаънат мехонанд.
Бинед, аз сомонаҳои интернетӣ ба номи Худо суханро сар мекунанд, вале ягон сухани рост намегӯянд. Худро чунон нишон медиҳанд, ки аз онҳо дида касе нисбати давлату миллат дилсӯзтар нест. Онҳо гӯё ҳомии миллатанду роҳбарияти давлату миллат, ки ҳамеша дар талоши ободиву зиндагии шоистаи мардум ҳастанд душмани миллат, мегӯянд. Мазмуни ҳама баромадҳои иғвоангезонаи онҳо як аст. Мардумро ба шӯр овардан, мамлакатро ноором сохтан, ҳодисаҳои солҳои 90 -уми асри гузаштаро аз сари нав такрор намудан аст.
Баромади дирӯзаи хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин низ чунин мазмун дошт. Ин кӯрнамаки иғвоангез ҳамаи он заҳмату меҳнати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи пурзаҳмати давлатсозӣ, ки аз сифр оғоз намуданд, нодида гирифта, мардумро ба ноором сохтани кишвар ва ба табаддулоти давлатӣ даъват месозад. Аммо мардум медонад, ки сулҳи тоҷикон худ ба худ ба даст наомадааст. Аз об рӯшантар медонанд, ки шумо наҳзатиҳо барои ноил шудан ба мансабҳои давлатӣ ва дигар мақсадҳои нопокатон бастани сулҳро солҳо кашол додед. Шумо будед, ки барои баргаштани гурезагон монеа эҷод намудед. Барои бадном намудани давлат беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро ба қатл расонидед. Гумон мекунед, ки мардум инро намедонаду фаромӯш мекунад? Ҳеҷ гоҳ!
Шумо, наҳзатиҳо хуб медонед, ки роҳи бозгашт ба Ватанро надоред. Бинобар ин чизе бар забон ояд мегӯед. Ба иборае "дилатонро холӣ мекунед”. Вале зӯри беҳуда мезанед.
Чунки мардуми Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд, сиёсати дурбинона, хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсондӯстонаи ӯро якдилона дастгирӣ менамоянд.
Кӯр нестед мебинед, ки ҳангоми сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо мардум - хурду бузург Пешвои миллатро бо гулу гулдаста, бо рақсу суруд пешвоз мегиранд. Ҳамагон орзу менамоянд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуд -зуд ба шаҳру ноҳияи онҳо сафар намояд. Зеро аз пою қадами мубораки Пешвои миллат он мавзеъ боз ҳам ободу зебо мегардад. Чунки мардум Пешвои худро бо дасти холӣ пешвоз намегиранд. Барои бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ - сохтмону ба истифода додани иншоотҳои гуногун истиқбол намуданаш омодагӣ мегиранд. Хушбахтона, заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи дилхоҳ ба бор овард ва ниятҳои нопоки шумо наҳзатиҳои хоин, ки то имрӯз ба самти давлат, миллат ва Роҳбари давлат аз дур сангпартоӣ менамоед, ҷомаи амал напӯшид. Агар сад дод бизанед, агар сад рӯйканию мӯйканӣ кунед, агар аз субҳ то шом кафк резонда, ғаразгӯӣ намоед ҳам, мардум медонад, ки киро Роҳбари давлат интихоб намояд. Барои ин кор онҳо ба тавсияи шумо-хоинони миллат эҳтиёҷ надоранд. Интихоби мо яктост Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар