БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷоми амалҳои хайру савоб низ ибодат аст

ДАНҒАРА. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара  Каримов Пирмаҳмад дар кӯчаи Умари  Хайёми ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара доир ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон,  ки рӯзи  12  май  соли  2018  шуда  гузашт,  баргузор гардид.

Зимнан Каримов Пирмаҳмад аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар,  ёдовар шуда  афзуд, ки  ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки  раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои  тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии  мо масъулону фаъолон мебошад, ки ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад.

Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар назди ҷамъомадагон мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  Каримов Пирмаҳмад ҳамагонро барои расидан ба ҳадафҳои неку созандаи Роҳбари давлат, анҷоми корҳои хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи мағфирату  раҳмат ва корҳои хайр мебошад,  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg