БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат ба насли солим вобастагӣ дорад

БОХТАР. Вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пӯст» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии  бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Волида Ҳакимова оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии  бемориҳои сироятӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки дар кишвари мо тарзи ҳаёти солим ҳамчун  як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол  равнақу ривоҷ  ёфта истодааст, ки  омили пуриқтидори дароз  гардонидани  умри инсон, кам  кардани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ,  инчунин беҳтару мустаҳкамтар гардонидани солимии миллат мебошад. 

Дар охир чанде аз мутахассисони соҳаи тандурустӣ роҷеъ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳоия сироятӣ, сари вақт муроҷиат намудани  беморон ба мутахассисон андешаронӣ карда, афзуданд, ки  солимии миллат ба насли солим вобастагӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg