БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТЁҶМАНДОН НИЗ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ВА ДАСТГИРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дастгирии молиявии гурӯҳи ҷавонони ташаббускори ташкилоти ибтидоии деҳаи “Баҳор”-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо  мақсади  амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба расонидани  кумак ба  маъюбону барҷомондагон ва  дастгирии қишри эҳтиёҷманд дар арафаи Соли нави мелодӣ бо иштироки волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи  ҳизбии «Эҳтиёҷмандон низ зери  таваҷчуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор  доранд!” баргузор гардида, ба 12 оилаҳои ниёзманди ҷомеа кумакҳои ғизоӣ расонида шуд.

Дар рафти баргузории Аксияи ҳизбӣ муовини раиси ноҳия Машҳура Азимзода, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва Беҳрӯз  Бобоев иштирок  ва  суханронӣ  карданд. Аёдатшудагон аз иқдоми неки ҳизбиён руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  шахсони  хайрхоҳ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg