БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ПУРРАИ ЭНЕРГЕТИКӢ САҲМГУЗОР БОШ!

ХУРОСОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ  барои истифодаи самараноки қувваи барқ ва пешгирии бемории коронавирус дар маҳаллаи Ваҳдати ноҳияи Хуросон  бо иштироки корманди   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор вохурӣ гузаронида шуд.  

Дар рафти суҳбат мавсуф  вобаста ба Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”  ҷиҳати сарфаҷӯёнаву оқилона  истифода бурдани нерӯи барқ андешаронӣ карда,  аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар истифодаи қувваи барқ сарфакор бошанду барои рӯзгорашон аз гази моеъ, ангиштсанг ва ҳезум истифода бурда,  дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузоранд. Инчунин, дар ин раванд намояндаи ҳизбӣ вобаста ба  пешгирии  бемориҳои сироятии  зуком ва коронавирус, ки дар фасли сармо хуруҷ мекунад,  сухан гуфта,  ҳамагонро барои риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ раҳнамоӣ  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg