БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРӮИ БАРҚРО ДУРУСТ ВА САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМО!

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Ватан” - и Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯмин Раҳимов кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, муқоисакунии аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва  истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ барои пешгирӣ аз мушкилот дар фасли зимистон вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд кард, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо  дар он аст, ки дар ин давраи  сарди зимистон   сарфакор бошанду  неруи барқро аз талафот  нигоҳ доранд.

Ҳамчунин дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID - 19 дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg