БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН АЗ МОҲИЯТИ МУРОҶИАТНОМАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БАРХУРДОР ГАРДИДАНД

НОРАК. Мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки фаъолонаи аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳри Норак ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар ҳар як оила ва сари вақт пардохти маблағи он дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Норак гузаронида шуд.

Зимни баргузории  вохӯриҳо аъзои гурӯҳи корӣ  оид ба тарзи истифодабарии замин, захираи  маводи озуқаворӣ, тозагию ободонии манзили зист ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба шаҳрвандон маводҳои таблиғотиро тақсим намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg