
НОРАК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо аъзои “Маҳфили волонтёрони ҳизбӣ” бо сокинони шаҳр оид ба баррасии муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" ҷиҳати сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ суҳбату вохӯриҳоро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар ин давраи фасли зимистон неруи барқро аз талафёбӣ нигоҳ дошта, барои рӯзгори ҳаррӯзаашон аз гази моеъ ва асбобҳои гармидиҳии каммасраф истифода баранд. Сипас, дар анҷоми суҳбатҳои сарроҳӣ дар бораи дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, ба сокинон варақаҳои таблиғотиро дастрас карданд.