БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРӮИ БАРҚ - ТАЛАБОТИ РӮЗ

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади ба сокинон расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи ШСХК “Барқи тоҷик” ин навбат бо усули “роҳ ба роҳ” вохӯрӣ ва мулоқот гузарониданд.

Зимни мулоқот бо сокинон масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба фарҷом расонида шуда, аз санаи 10 - уми декабри соли равон интиқоли неруи барқ дар саросари кишвар пурра ҷорӣ карда шуд ва акнун моро зарур аст, ки неруи барқро сарфакорона истифода бурда,  барои  бемонеа гузаштани фасли сармо саҳми худро гузорем ва ба талафоти зиёдатӣ роҳ надиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg