ВОСЕЪ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю маҳалҳо, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо ҷалби кормандон, аъзои ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ- техникӣ” ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шанбегӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон иштирокдорони корҳои ободонӣ заминҳои назди ташкилоти ибтидоӣ ва бехи дарахтони сояафканро нарму мулоим карда, ҷӯйбору роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Зимнан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иброз намуданд, ки ободии як гӯшаи диёр вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад, бинобар ин ободу зебо гардонидани ин диёр ва саҳм гузоштан дар сарсабзу хуррамгардонии он вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.