БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАҶӮЁНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРУИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ!

ВОСЕЪ.  Вохӯрии гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр  Раҷабов  вобаста ба баррасии моҳияти Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар  маҷлис аъзои гурӯҳи корӣ иштирок дошта, зимни суҳбат муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик”- ро ба пуррагӣ хонда, ба дарки ҳозирин расониданд,  ки сарфакорона истифодабарии неруи барқ вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Агар мо  ба талаботҳои дар Муроҷиатномаҳо овардашуда риоя намоем, ҳам буҷаи оилаамонро ғанӣ мегардонем ва ҳам шароити зиндагонии худ ва дигарон  беҳтар мегардад.   Инчунин, гурӯҳи корӣ дар идомаи суҳбат   ёдовар шуданд, ки сардии зимистони имсола ба камшавии оби дарёҳо таъсир гузошта, маҳз чунин мушкилотро пеши рӯ овардааст. Моро зарур аст, асбобҳои каммасрафи барқиро истифода барему барқро аз талафёбӣ эҳтиёт намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg