БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО РИОЯИ ҚОИДАҲО ВА ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ҚУВВАИ БАРҚ ЗИНДАГИИ ХЕШРО РАНГИН МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ.  Бо мақсади саҳм гузоштан дар сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ноҳия, аз ҷумла дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ вохӯриву мулоқотҳоро пурзӯр намудаанд.

Зимни суҳбату вохӯриҳо масъулини ҳизбӣ оид ба истифодабарии сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, ҳамзамон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.

Ҳамзамон,  ба иштирокдорони вохӯрӣ Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варақаҳои таблиғотӣ барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз тарафи аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg