ВАХШ. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи Ватани азизамон- Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва фаъолони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии "Маърифатчиён" дар доираи Аксияи ниҳолшинонии “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар гирду атрофи ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Дар Аксияи мазкур иштирокчиён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дастаҷамъона иштирок карда, саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр гузоштанд.