БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сари Мазор”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни сокинон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло, раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ ва дигар масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия иштирок намуда, мулоқоту вохӯрӣ оид ба баррасии Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, равнақ бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Сипас, ба роҳбарони ташкилоту муассиса ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия дастуру супориш дода шуд, ки тамоми он вазифаҳое, ки ба души онҳо гузошта шудааст, аз дилу ҷон амалӣ намуда, ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд. Инчунин, зикр карда шуд, ки аъзои гурӯҳҳои корӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия миёни сокинон, аъзои фаъоли ҲХДТ ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия дар якҷоягӣ ҳамарӯза кӯшиш намоем, ки миёни сокинон ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 ва Ширкати “Барқи Тоҷик” аз 9 декабри соли 2020 ба кулли сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими замистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла, ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бо тариқи фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон доир карда, дар ин замина ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем.