БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВИЛОЯТ. Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аксияе таҳти унвони “Истифодаи мақсадноки барқ ба манфиати мост” доир гашт. Дар доираи ин чорабинӣ волонтёрони назди кумитаи мазкур матни Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи мақсадноки неруи барқро дастраси як қатор сокинони маркази вилоят гардонида, ҳамчунин дар нуқтаҳои ҷашмраси мардум насб карданд. Дар матни муроҷиатнома омадааст, ки “агар имрӯз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мишкиливу сахтӣ паси сар кунем”.  

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg