А.ҶОМӢ. Дирӯз тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Сафарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов, Дӯстмурод Расулов раиси Ҷамоати деҳоти Иттифоқ, сармутахассис-ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳия Фарҳод Давлатов, Аламхон Ҷон- сардухтури ноҳияи абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ бо сокинони як қатор маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Иттифоқ вохӯрию суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.
Зимни вохӯрӣ ва суҳбатҳои қади роҳӣ, масъалаҳои муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.Дар баробари ҳамаи ин волонтёрон ва мутасаддиён бештар бо сокинони ноҳия мавзӯъҳои дар болозикршударо фаҳмонида аз сокинони маҳаллаҳои деҳот даъват ба амал оварданд,ки ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ диққати ҷиддӣ диҳанд, то,ки фасли зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намоем.
Инчунин, дар давоми рӯз беш аз 25 нафар волонтёрон, фаъолони ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар кӯчаву маҳаллаҳо, деҳаҳо аз рӯи усули “хона ба хона” бо риояи фосила бо сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбатҳо ороста, ба онҳо варақаҳои таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбиро дар самти пардохти саривақтии маблағи барқ ва сарфаи нерӯи барқ тақсим карданд.
Чунин вохӯрию суҳбатҳои муфид бо ҷалби дигар гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуд.