ФАРХОР. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, сарфаву сариштакорона истифодабарии қувваи барқ ва инчунин, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар маркази ноҳия гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр тақсим карда шуданд.
Ҳамчунин, ба сардорони оилаҳо вобаста ба истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони президентӣ ва истифодаи мақсадноки қувваи барқ суҳбатҳо гузаронида шуд.