БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ОҒОЗ КАРДАНД

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ҳайти 11 нафар гурӯҳи корӣ таҳти  роҳбарии Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуда, дар ҳудуди маҳаллаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар, ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдои шаҳри Кӯлоб миёни сокинон корҳои тарғиботиро ба роҳ монданд.

Нахуст, бо усули “хона ба хона” наздики 200 хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон корҳои тарғиботӣ бурда шуда, ба саъми онҳо моҳияти  Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри раиси вилояти Хатлон, муроҷиатномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” расонида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи барқро сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.

Ҳамзамон, доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони шахсӣ ва шинонидани картошка дар заминҳои бекорхобида,  шинонидани гули лола дар назди ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо мутобиқ ба шарту шароит, додани тавсияҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, омода кардани фарзандони худ ҷиҳати иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбатҳову корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд. Дар баробари ин, аз ҷониби мошинҳои таблиғотӣ тариқи баландгӯякҳо муроҷитномаи раиси шаҳри Кӯлоб ба саъми сокинони ҳудуди маҳаллаҳои мазкур расонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg