ВОСЕЪ. Гулмуродзода Карим Гулмурод муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, мудири Бахши САҲШ –и ноҳияи Восеъ ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гулмуродзода Карим Гулмурод муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутасаддиён таъкид намуд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шавад. Волонтёрон ва мутасаддиён бештар бо сокинони ноҳия мавзӯъҳои дар болозикршударо фаҳмонанд ва шаҳрвандонро ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ даъват намоянд.
Дар натиҷа беш аз 20 нафар волонтёрони ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар кӯчаву маҳаллаҳо, деҳаҳо аз руи усули “хона ба хона” бо риояи фосилавӣ бо шаҳрвандон суҳбат оростанд.