БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГИИ БОСАОДАТИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ

ВОСЕЪ. Дирӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки Гулмуродзода Карим Гулмурод муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, кормандон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ Гулмуродзода Карим оид ба истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақтии истифодаи он, инчунин пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, пешгирӣ аз истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшиддат ва асбобҳои гармидиҳандаи ғайристандартӣ дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот ва корхонаву идораҳо суханронӣ намуд.

Ҳамзамон мавсуф оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи гигиенаи шахсӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози ақида кард. Баъдан аз ҷониби  аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба иштирокдорони вохӯрӣ Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии самараноки қувваи барқ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg