БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон хазинаи тиллоии давлату миллат

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин ва дигар шахсони даъватӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ихтироот, ҷалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бо такя ба нерӯи созандаи шумо ҷавонон оид ба андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию  террористӣ, иштирок дар задухурдҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа ва қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон мебошад.

Дар охир масъулин таъкид намуданд, ки  ояндаи давлату миллат дар дасти шумо ҷавонон  аст. Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо зарур аст, ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат бо дониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ барои боз ҳам пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg