Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” ва сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти маблағи истифодаи он доир намуданд.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ Нуруллоев Саъдулло мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз дошт, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоем ва ба таҳлука наафтода, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем.Инчунин, дар идомаи суҳбат намояндагони ҳизбӣ роҷеъ ба Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик” андешаронӣ карда, сокинонро барои пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, пардохти саривақтии маблаги он раҳнамоӣ карданд.